БОҒШАҲРИ НОЗАНИН АСТ ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН!

Ҳар кишвари соҳибистиқлол дар радифи дигар нишонаю далелҳои давлатдорӣ молики пойтахт аст. Пойтахти давлатро ҳамчун меҳвари он, дили он ва шиносномаи он тавсиф мебахшанд. Ифтихор ва шаъну шарафи ҳар шаҳрванди кишвар аст пойтахт. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро шаҳри Душанбе пойтахт таъйин шудааст. Ҷавоншаҳри ҳуснорост Душанбеи азизи мо, шаҳрест тимсоли зебоӣ, ваҳдат ва бахту саодат. Ба вижа, ба шарофати Истиқлол пойтахти ҷумҳурӣ шукӯҳу шаҳомат ва мақому мартабаи наву бесобиқа дарёфт, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва хонаи умеди тоҷикони тамоми олам гашт. Ин «шаҳри дилоро»-ю «зеби дунё» беш аз се даҳсола аст, ки пайваста рӯ ба рушд дораду вусъат пайдо мекунад ва ҳамагонро ба ваҷд меовараду мафтун месозад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ба шарофати Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ пойтахти кишвари маҳбуби мо-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу сарсабз гардида, рамзи сарфарозӣ ва дилбастагии мардуми Тоҷикистонро нисбат ба ҳаёти зебо таҷассум менамояд. Вобаста ба ин, дар пойтахти кишвар раванди навсозиҳо ба таври муосир рушд намуда, симои шаҳри азизамонро дилнишин ва ҳамчун шаҳри ҷавону пешрафта ба шаҳрҳои бузурги дунё баробар менамояд».
Имрӯз, воқеан, Душанбеи нозанини мо фурӯзонахтаре дар қораи Осиёст ва ҳамвора таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунаду мунтазам меҳмонони олиқадру сайёҳони зебоипараст дар канор дорад. Онҳо аз сайру саёҳат, истиро ҳату фароғат дар оғӯши пойтахти тоҷикон ҳаловат мебаранд ва ба он дил мебанданд. Хушо, ки Душанбеи дилоро мавзеъҳои диданию таваҷҷуҳбарангези зиёде дораду сайёҳонашро мафтуну мамнун мекунад. Дар шумори махсусиятҳои дигараш, яке аз умдатарин махсусияти он ба боғшаҳри назаррабою накҳатбор табдил ёфтанаш аст. Боғҳои Душанбе онро таровату назокату ҳусну малоҳати тозае эҳдо карда, шуҳратафзои пойтахт гардидаанд. Ҳоло сокинону меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе метавонанд аз наздик ба бист боғи оғӯши он баҳрабардорӣ бикунанд ва ин дар ҳолест, ки то аҳди Истиқлол пойтахт аз се-чор боғ беш надошт…
Устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, номзади илмҳои филологӣ Комилҷон Дӯстов ба иқдоми наҷибу судманде даст зада, ҳамчун эҳдо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе бо номи «Душанбе – боғшаҳри ҷаҳон» таҳия намудааст, ки муҳаббатномаеро мемонад дар ситоиши пойтахти мамлакат. Дар сарсухани китоб таъкид шуда, ки «боғдорию боғпарварӣ аз рӯзгори бостон аз ҷумлаи шуғлҳои дӯстдоштаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буду ҳаст ва васфи боғу чаман ва гулу гулгаштҳо дар осори адабии шоирони тоҷик мақому манзалати хос дошту дорад… Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош менамоянд, ки мардуми тоҷик имрӯзу оянда низ фаъолона омоли неку манфиатбори гузаштагони номвари худро идома диҳанд». Сарвари кишвар иброз доштаанд, ки боғдорию зебоипарастӣ аз хисоли дерину хосаи тоҷикон буда, имрӯз ривоҷ дорад. Агар аз фазо (аз дохили тайёра) ба Душанбе бингарем, он чун як боғи калони ғарқи ранги сабзи дарахтони зебо ва гулу гулбуттаҳои дилрабо менамояд ба назар. Дар давоми 15-20 соли охир дар пойтахти Тоҷикистон боғҳои зиёде бунёд ёфтаву ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намуданд ва онро бештар мусаффою накҳатбору назаррабо карданд. Дар ин давра силсилабоғҳои Боғи Парчами миллӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи назди Китобхонаи миллӣ, Боғи Қасри миллат, Боғи Сомон, Боғи Куруши Кабир, Боғи Хайём, Боғи Аҳмади Дониш, Боғи Наврӯзгоҳ, Боғи Восеъ, Боғи ҷавонон, Боғи Фирдавсӣ, Боғи «Дӯстӣ» Боғи Айнӣ, Боғи Алишер Навоӣ, Боғи кӯдакон, Боғи Ғалаба, Боғи Истиқлол… бунёду таҷдид гардида, симои пойтахтро ба куллӣ тағйир доданд, «сабзшаҳри дилрабо»-ю «боғистони фирдавс гун»-аш карданд. Бунёду ободии ин ҳама боғҳо бо дастуру ибтикорот ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат иртибот дорад. Ҳамакнун, ин байти меҳрбори устод Турсунзода дар ситоиши Душанбеи ҳусноро баландтару табиитар ва ҳамбаста бо воқеият садо медиҳад:
Шаҳр не, боғу бӯстон ин ҷост,
Боғи уммеди тоҷикон ин ҷост.
Яке аз аввалмақолоти китоби «Душанбе – боғшаҳри ҷаҳон» руҷуе мухтасар ба таърихи шаҳр буда, дар он аз муҳимтарин лаҳзаҳои дирӯзу имрӯзи ҳаёти шаҳр ёдоварӣ мешавад. Муаллиф пас аз ин ба тавсифу муаррифии боғҳои шаҳр шуруъ карда, зимнан аз сарчашмаҳои фаровоне истифода бинмудааст. Нахустсухан аз Боғи Парчами дав латӣ ба миён омада. Зикр мешавад, ки 30 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари кишвар дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метра парафшон карда шуд, ки он баландтарин дар ҷаҳон буд. Минбаъд атрофи пояи парчам ба гулбоғи назаррабо табдил дода шуд. Масоҳати умумии Боғи Парчами давлатӣ 159494 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дар он гузаргоҳҳо, майдончаҳо, ҳавзҳо, кабудизорҳо, фаввораҳо ҷойгир мебошанд. Барои фароғату истироҳати шаҳрвандон муҳити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ҳудуди боғ 137 намуд дарахтон, аз ҷумла, нахл, каштан, фортуна, ёсуман, бодом, гортензия, кипарис, могнолия, туя… мавҷуданд. Дар боғ, ҳам чунин, ду саҳни баргузории маҳфилу ҳамоишҳо, майдони бозии голф, ҳавзи қаиқронӣ, майдончаҳои варзишӣ (барои калонсолон ва кӯдакон) бунёд карда шудаанд. Ба маълумотномаи фишурда дар бораи боғи мазкур суханони Президенти ҷумҳурӣ дар тавсифу ситоиши Парчами давлатӣ, шеърҳои шоирони тоҷик дар васфи парчам ва чанд далели ҷолиб аз таърихи парчам замима гардидааст.
Пас аз ин қисмати «Боғи Қасри миллат» шуруъ мешавад. «Маҷмааи давлатии Қасри миллат соли 2009 ба истифода омода гаштааст ва имрӯз атрофи он ба боғи ҳамешасабзи дилрабо табдил ёфтааст»,-омадааст дар қисмати мазкур. Ҳудуди Боғи Қасри миллат аз 19га иборат буда, шумораи дарахтон беш аз 20000 бехро ташкил медиҳад. Дар қисмати нишебии ғарбии паси Қасри миллат дар масоҳати 5,5 га зиёда аз 10 000 дарахти ҳамешасабз (санавбар, сарви сиҳӣ, сарви аризонӣ, арча) ба назар мерасанд, ки хеле зебову бонизом «саф оростаанд». Қисмати зиёди дарахтони Боғи Қасри миллат (беш аз 200 намуд) нодир буда, аз Олмону Ҳолланд ва Белгияю Италия оварда шудаанд. Боғ қитъа-қитъа гулзори назаррабо дорад…
Ба ин гуна, дар китоби «Душанбе — боғшаҳри ҷаҳон» дар бораи ҳар як боғи пойтахт маълумот оварда, гуфтори ашхоси номвар ва аҳли илму адаб дар ситоиши ин боғ илова гардидааст. Ба ин васила, китоб фарогири шеъру мақола ва таърихномаю далелҳои рангину ҷолиб шуда, муҳтавояш вусъати бештар дарёфтааст.
Аҳамиятафзои дигари китоб баргардони аксар мақолоти он ба забонҳои русию англисӣ гардидааст. Ин иқдоми муаллиф, махсусан, барои сайёҳону меҳмонони хориҷии шаҳри Душанбе манфиатбор мебошад. Китоби «Душанбебоғ шаҳри ҷаҳон»-и олими ҷавону истеъдодманд ва пуркори тоҷик Комилҷон Дӯстов суратҳои зиёди манзаравии рангаеро (марбут ба боғҳои пойтахт) дар бар мегирад, ки мундариҷаи онро мукаммалтар кардаанд.
Душанбе барои ҳар яки мо – тоҷикистониён азизу маҳбуб аст ва ҳар сухани меҳромез, ҳар маълумоти ҷолиб ва ҳар нигоштаи самимӣ дар бораи ин бузургшаҳр бароямон дилпазиру гуворост. Китоби «Душанбе — боғшаҳри ҷаҳон» ҳамин гуна муҳтаворо дорост. Ва ин ҷо шоиста он аст, ки нигоштаамон аз хусуси китоби мазкур бо иқтибосе аз гуфтаҳои устод Гулназар ҳусни анҷом бипазирад: «Душанбе барои ман дил аст, дили Ватан-Модар аст, дур аз ӯ беқарорам, бехобам, бетобам, ночизу норасоям. Задани набзаш, атри нафасаш, хандаҳои гулҳои нозаш, ҷилваҳои ҳусни нотакрораш ҳаловати ҷон аст, руҳро менавозад, дилро ҷавон мекунад, меҳри зиндагиро дар сиришт ба маротиб афзун мегардонад».
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»